Дар робита ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «тайи марҳилаи баъд аз ин рӯйдоди барои мо муҳим равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Қазоқистон босуръат рушд ёфта, чӣ дар доираи ҳамкориҳои дутарафа ва чӣ хаматарафа пайваста рӯ ба афзоиш ниҳодаанд».
«Имрӯз онҳо амалан тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, ки дар онхо манфиатҳои давлатҳои мо ба ҳам мувофиқ омадаанд ва чун омили нигаҳдории суботи минтақавӣ маҳсуб меёбанд. Мо сатҳи баланди равобити муосири ташаккулёфтаи Тоҷикистону Қазоқистонро қадр менамоем ва ба такмили ҷанбаҳои мухталифи онҳо бо муҳтавои нав бо назардошти орзуву умеди мардумонамон ва тибқи талаботи замон ҳавасманд ҳастем», - таъкид мегардад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Дар барқияи табрикотии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қайд мешавад, ки «аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон ва Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва бародариро, ки анъанаҳои бисёрасраи таърихию фарҳангӣ доранд, мунтазам густариш медиҳанд».
«Мутмаинам, кӯшишҳои якҷояе, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба равона шудаанд, ба азнавсозии босамари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тақвияти мавқеи байналмилалии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард», - изҳор кардааст Н.Назарбоев дар барқия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста