Ҳафтаи оянда аз ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон интизорӣ меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи тозатаъини сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ҷараёни сафари кӯтоҳи худ С. Лавров бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтугунид анҷом хоҳад дод.
«Дар ин вохӯриҳо аз барррасии масоили имзои созишнома дар бахши муҳоҷират ва ҳамчунин воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ эҳтимол меравад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Эгамзод зикр кард, ки аз имзои созишномаи будубоши муҳоҷирон дар Русия намояндагии дипломатии Тоҷикистон умедвориҳои зиёд дорад. «Дар ҷаласаи сафорат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2012 сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба имзои ин созишнома таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳори итминон кард, ки он ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро ба ҳалли мусбати он ҳарду ҷониб ҳам манфиатдоранд», - гуфт сухангӯи сафорат.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл ҳукумати Русия созишномаи мазкурро барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста