Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки масъалаи ба иҷораи Русия додани фурудгоҳи низомии Айнӣ пас аз амалисозии мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо, ки зимни сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли гузашта ба Душанбе ба даст омада буданд, баррасӣ хоҳад шуд.
«Моро ҳоло лозим аст, ки созишномаҳо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳуриро ба имзо расоем ва ҳамчунин Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон бояд дар парлумон тасдиқ шавад ва сипас метавон масъалаи фурудгоҳи Айниро мавриди баррасӣ қарор дод», - гуфт Ҳ.Зарифӣ.
Дар идома вазир зикр кард, ки зимни гуфтушуниди чанде қабл дар Душанбе анҷомёфта бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ҳарду ҷониб аз ҷараёни таҳияи Созишномаҳо дар бораи муҳоҷират ва таҳвили маҳсулоти нафтӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Қобили зикр аст, ки солҳои шӯравӣ дар фурудгоҳи Айнии воқеъ дар наздикии шаҳри Душанбе корхонаи таъмири чархболҳо амал мекард. Баъди таъмири фурудгоҳ аз ҷониби Ҳиндустон ба маблағи ҳудуди 70 млн. доллари ИМА, акнун фурудгоҳ тамоми навъҳои ҳавопаймоҳоро қабул карда метавонад.
Бино ба изҳороти чандинкаратаи мансабдорони воломақоми низомии Русия, ин кишвар ба фурудгоҳи Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста