Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо ҷавонон дар дафтари кории ҲНИТ дар пойтахт раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ иброз дошт, ки дар сурати шаффоф сурат гирифтани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли равон, дар даври аввал касе намегузарад.
Бино ба маълумот аз қароргоҳи марказии ҲНИТ, М.Кабирӣ зикр кардааст, ки ХНИТ дар маъракаи интихоботи президент ширкат хоҳад варзид, вале номзадро танҳо анҷумани ҳизб, ки моҳҳои август ё сентябр баргузор мешавад, муайян мекунад. «Номзад метавонад аз ҲНИТ ё ҳизби дигар ва ҳатто шахси беҳизбӣ бошад», - гуфтааст ӯ.
Ба қавли раиси ҲНИТ, дар шабакаҳо ва гоҳе дар матбуот ҳам баъзан дар бораи ӯ муболиғаҳо чоп мешаванд, ҳол он ки нафарони хеле зиёд ҳастанд, ки аз ӯ дар чанд ҷиҳат афзалтаранд. «Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, дар фаҳмиши масоили энергетикӣ ва саноатӣ аз ман хеле хубтар аст, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бахши мудирияти кишвар таҷрибаҳои зиёд дорад ва ё ман эътироф дорам, ки Раҳматилло Зойиров аз ҷиҳати дониши ҳуқуқӣ аз ман хеле зиёдтар медонад», - изҳор доштааст М.Кабирӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста