Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку дар қаламрави ҷумҳурӣ фармон ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармон бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба имзо мерасад.
Мувофиқи фармони баимзорасида, аз 1-уми апрел фурӯши маҳсулоти тамоку дар қаламрави кишвар дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад.
«Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мавриди амал қарор додани фармони мазкур аз санаи зикршуда уҳдадор мешавад», - омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста