Имрӯз аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Словакия 20 сол пур мешавад ва аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд рушду равнақ меёбанд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словакия тамоюл ба густариш доранд. Дар муносибатҳо фазои ҳусни тафоҳум, наздикии мавқеъҳо роҷеъ ба масоили муҳими алоҳидаи байналмилаӣ ва минтақавӣ вуҷуд дорад.
Дар ин 20 соли сипаригашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия дар самти ривоҷу таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба натиҷаҳои назаррас расидаанд.
Яке аз соҳаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба рушд ва густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 2 созишномаи дуҷониба - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба кӯмаки инвеститсионӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба савдо робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба имзо расидаанд. Айни замон боз як санад - Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба ҳавасмангардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Словакия дар ҳоли ташаккул қарор дошта, имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ пурра истифода нашудаанд.
Солҳои охир табодули мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия тамоюл ба зиёдшавӣ дорад.
Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм низ дар ҳолати рушд қарор доранд. Ҳар сол тавассути Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия барои номзадони илм барои таҳсил дар магистратура дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Донишгоҳи Братислава бурсияҳо пешниҳод карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста