Чанде қабл сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зоҳир Саидов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев супорид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Президенти Озарбойҷон аз ҳолати кунунии муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ кард.
Илҳом Алиев аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (июли соли 2012) ба ш. Боку ёдовар шуда, иброз дошт, ки Озарбойҷон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимод мешиносад. Дар ин росто ӯ боз як бори дигар омодагии хешро ҷиҳати рушди муносибатҳои судманд бо кишвари бародар қайд намуд.
Дар рафти мулоқот татбиқи амалии санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки моҳи июли соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Боку ба имзо расида буд, мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва саноат, хусусан дар самти транзити байналмилалӣ тавассути роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ва истихроҷу коркарди нафту газ рушди бесобиқа пайдо мекунад.
Ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз ҷумла, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва барқарор намудани хатсайри Душанбе-Боку мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.
Сафир азми устувори худро барои саҳмгузорӣ дар густариши ҳамкориҳо ва татбиқи нақшаҳои судбахши ду кишвари дӯст таъкид сохт.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Оламгир Бобур ҷиҳати супоридани нусхаи Эътимоднома вохӯрӣ анҷом дод.
Оламгир Бобур Сафири Тоҷикистон Ш. Ҷононовро бо таъин гардиданаш ба ин вазифаи баланд табрик намуд.
Дар навбати худ Сафир ҳамсӯҳбати хешро бовар кунонид, ки баҳри таҳкиму тавсеа ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Покистон тамоми кӯшишҳои хешро ба харҷ хоҳад дод.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд. Аз ҳар ду ҷониб оид ба рушди бемайлони ҳамкории шарикӣ байни Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ изҳор гардида, саъйи ҳар ду ҷониб ба густариши муколамаи сиёсӣ, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дар соҳаи нақлиёт таъкид карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста