Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Инъикоси арзишҳои миллӣ дар васоити ахбори умум» мизи гирд доир мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲХДТ хабар доданд, барои иштирок дар кори мизи гирд роҳбарони васоити ахбори умум давъат шудаанд. Дар ҷараёни кори мизи гирд баргузор шудани маросими муаррифиномаи оғози фаъолияти Маркази таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ҳамчунин сомонаи интернетии ҳизб дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, дар чорабинӣ ба иштирокдорон баррасии масъалаи таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон пениҳод хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад. Айни замон президенти Тоҷикистон раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста