Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013", ки имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Париж шуд.
Бино ба иттлои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар ба Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуда, мулокотҳои дуҷониба, аз ҷумла, бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор хоҳад кард.
Бояд зикр кард, ки 21 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ қатнома дар бораи «Баргузор намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013», ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Мутобиқи қатномаи мазкур 22 марти 2013 дар Ню-Йорк Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ҳамчунин моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста