Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Рӯзи ғалабаи инқилоби исломӣ ба унвони президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорад, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими онҳо дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, тӯли солҳои охир равобити байнидавлатии ду кишвар на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар сатҳи бисёрҷониба низ пайгирона густариш ёфта, мазмуни сифатан нав касб намудааст.
«Итминони комил дорам, ки муносибатҳои минбаъдаи мо дар асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии мавҷуда рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратии байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд», - омадааст дар барқия.
Ҳамасола санаи 11-уми феврал дар Эрон Рӯзи инқилоби исломӣ ҷашн гирифта мешавад. Моҳҳои январ-феврали соли 1978 мардуми Эрон монархияро сарнагун сохта, кишвар Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста