Рӯзи якшанбе баъди эътирофи раҳбарияти нави Ҳизби демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои сиёсии ҳизб доир гардида, дар он рӯзноманигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо сухангӯи ҲДТ таъин шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Раҷаби Мирзо изҳор намуд, ки бо қарори Шӯрои сиёсии ҲДТ дар шабакаи Интернет сомонаи расмии ҲДТ таъсис ва чопи ҳафтаномаи ҳизбии «Адолат» дубора ба роҳ монда мешавад.
«Кӯшиш ба харҷ хоҳем дод ки дар муддати 2 моҳ шумораи нахустини ҳафтанома ба хонандагон дастрас гардад», - иброз дошт вай.
Ба қавли Р.Мирзо, Шӯрои сиёсии ҲДТ ҷиҳати барқарор намудани иштирокаш дар кори Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳорот қабул намудааст. Моҳи феврали соли 2010 ба нишони эътироз пас аз интихоботи парлумонӣ ҲДТ сафи Шӯрои мазкурро тарк намуда буд.
«Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи фаъол сохтани бахшҳои аввалияи ҳизб дар маҳалҳо низ баррасӣ шуда, ҳайати Шӯро аз 11 то 13 нафар афзуда шуд ва вазифаи нав – раиси дастгоҳи ҲХДТ рӯйи кор омад», - афзуд номбурда.
Дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабри соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.
Қаблан шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.
Рӯзи 5-уми феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста