Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошад ва баъди ин таъинот бояд ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, муҳлати интихоби вакили нави МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ, ки аз онҷо Р.Латифов интихоб шуда буд, дар муддати се моҳ баъди аз ҷониби палатаи поёнии парлумон расман қабул шудани қарор дар бораи қатъи ваколатҳои Латифов таъин карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумон Рустам Латифов Ҳизби аграрии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ки чун Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон ду намоянда доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста