Як шахси номаълум тавассути рақами телефонии махфие ба муовини раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов занг зада, таҳдид намудааст, ки агар ӯ бори дигар дар Қоллегияи адвокатҳои Тоҷикистон пайдо шавад, ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Ба қавли Шокиров, Эътилофи ҳизбҳо оид ба тағйир додани қонунгузории интихоботи президент ҳар ҳафта дар Коллегия гирдиҳам омада, масъалаи такмили қонунгузорӣ ва имкони пешбарии номзади ягонаро баррасӣ мекунад.
«Ғайр аз ин, ман шахсони ниёзмандро низ дар онҷо ба ҳузур пазируфта, ба ҳалли мушкилоташон расидагӣ мекунам. Бори охир ду нафар, яке аз Исфараву якеи дигар аз Кӯлобро то як соати ҷаласаи Эътилоф ба ҳузур пазируфта будам. Ҳамчунин рӯзи 14-уми феврал ба сифати коршинос иштирок кардан дар мурофиаи судии рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва Рустам Ҳукумов ба манфиати рӯзнома розигӣ додам», - андеша меронад сиёсатмадор дар бораи рӯйдодҳои ахир.
Ба гуфтаи муовини раиси ҲУСДТ, шахси зангзада таваҷҷуҳашро маҳз ба бори дигар дар Коллегия пайдо нашуданаш ҷалб намудааст. «Қаблан ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ маро ҳушдор медоданд, ки бештар эҳтиёткор бошам, вале бо телефон занг задану рӯирост ва дағалона таҳдид кардан бори аввал аст», - иброз дошт вай.
Сиёсатмадор мегӯяд, рӯзи 18-уми феврал ӯ санади сабти тамоми зангҳо ба телефони ҳамроҳашро гирифта, ҳамроҳ бо ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдааст ва дархост намудааст, ки шахсияти зангзада муайян ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шавад.
«Ҳадафи аслии ман қотеъона пешгирӣ намудани чунин ҳангомаҳо аст, вагарна чунин амалҳо барои тарсонидани дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё пешвоёни ҳизбҳои сиёсии алтернативӣ низ истифода шуда метавонанд», - баён дошт ӯ.
Худи Ҳакимов бар ин назар аст, ки таҳдидҳо бинобар сабаби мавқеи фаъолонаи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ доштани ӯ сурат гирифтаанд.
«Ба ҳамагон маълум аст, ки ман боадабона ва ошкоро андешаҳои худро оид ба ин ё он масъала дар расонаҳои хабарӣ иброз медорам ва шояд ба нафароне ин маъқул набошад. Ғайр аз ин, маълум аст, ки ин соли муҳиму ҷиддӣ аст, зеро имсол маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад ва шояд бо ҳамин тарз номзадҳо ба курсии президентӣ ё ҷонибдорони номзадҳои алтернативиро тарсониданианд. Дар ҳама гуна ҳолат баррасии аризаи маро интизор мешавем, то ки аз мақсади шахси ба ман таҳдидкарда огаҳ гардем», - афзуд Ш.Ҳакимов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста