Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки дар палатаи поёнии парлумон намоянда доранд, лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёси»-ро таҳия намудаанд, ки мувофиқи он, пешниҳод мегардад, ки аҳзоби сиёсии дорои намоянда дар парлумон дар сурати соҳиб шудан ба беш аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президент аз ҳуқуқи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет бархӯрдор шаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағйирот, аҳзоби сиёсие, ки дар маъракаи интихоботи президент ва парлумон садди 5 фоизаи овозҳоро убур мекунанд, бояд ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатии кишвар ҳуқуқ пайдо намоянд.
«Мо пешниҳод кардем, ки ба аҳзоби парлумонӣ ва дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар маъракаи интихоботи президент ба зиёда аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагон соҳиб мешаванд, барои ҳар як овоз аз буҷети давлатӣ 5 сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, аз ин ташаббуси намояндагони Ҳизби коммунист дар парлумон намояндагони Ҳизби агарарии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ пуштибонӣ намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар Ҳизби аграрӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳар кадоме ду намоянда дорад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 45 нафар намоянда дошта, 10 курсии парлумониро вакилони ғайриҳизбӣ ишғол мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста