Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкилоти ҷамъияти ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон таҳти унвони «Сарбоз аз нигоҳи кӯдакон» озмун гузаронида истодааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили ҲХДТ Адҳам Мирсаилов иттилоъ дод, чанде қабл дар кӯдакистони №135-и ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯдакистонҳои №34 ва №67-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт натоиҷи озмун ҷамъбаст гардиданд. «Дар озмун кӯдакон аз нигоҳу тахайюлоти худ расмҳои ҷолибу зебо кашида, ба онҳо аз ҷониби ҳизб тӯҳфаҳо тақдим гардид», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҳамчунин чанде қабл намояндагони ҲХДТ таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Асрор Латифов бо сарбозону афсарони Гвардияи муллии кишвар вохӯрда, ба пешқадамони хизмати ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста