Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) дар ҷумҳурӣ Алӣ Песнани масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаву барномаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, кишоварзӣ, сохтмони роҳу пулҳо, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҷонибҳо зарурати густариши шабакаи муассисаҳои маблағгузории хурд, бахусус дар манотиқи кӯҳистон ва дурдастро таъкид намуданд, ки бевосита ба сатҳи афзоиши некӯаҳволии мардум ва коҳиши мизони камбизоатӣ таъсир мерасонад.
Вазири молияи ҷумҳурӣ изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ муносибатҳои Тоҷикистону AKDN бемайлон густариш хоҳанд ёфт.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи гузашта Акбар Али Песнани ба сифати намояндаи нави доимии Созмони Оғо Хон оид ба рушд дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин вазифа ӯ Мунир Мералиро иваз кард, ки санаи 28-уми январ ваколатҳои 7-солааш дар Тоҷикистон ба итмом расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста