Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки Русияро мебояд муносибати худ ба исломиёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба таври куллӣ бозбинӣ намояд.
«Замоне фаро расидааст, ки гузаштаро мебояд ҳамчун як марҳилаи таърих арзёбӣ намуд ва тамоми лаҳзаҳои манфӣ дар муносибатҳои моро фаромӯш сохта, бо роҳандозии муносибатҳои мутақобилаи шарикона саҳифаҳои тозаро боз намуд», - иброз дошт М.Кабирӣ зимни суханронӣ дар вохӯрии навбатии Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар Душанбе.
Ба андешаи раиси ҲНИТ, дар муносибат бо исломи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пешвоёни рус то ҳанӯз таҳти таъсири таърихи дуасра қарор доранд.
«Дар давоми ду садсолаи сипаришуда тамоми амалҳои Русия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба мухолифат бо гурӯҳи диндорон марбут буда, баҳри худдорӣ аз низоъ бо русҳо қишрҳои дигари аҳолӣ аз иштирок дар ин мухолифатҳо маъмулан худдорӣ меварзиданд», - зикр кард ӯ.
Дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ таъкид дошт, ки дар симои гурӯҳҳои динии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пешвоёни рус то ҳол душманонро дида, муносибат бо онҳо ҳамеша манфӣ боқӣ мемонад.
«Дар ҳамин ҳол, муносибати Русия бо намояндагони ҳаракату созмонҳои динии дигар манотиқи дунё тамоман дигар аст ва дар муносибат бо исломиёни Осиёи Марказиву Қафқоз чунин муносибат эҳсос намегардад ва ҳатто як амали хурдтарини гурӯҳҳои исломгарои минтақаҳои моро мақомоти раҳбарии Русия бо эҳсосоти зиёде қабул мекунад», - баён кард вай.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки тайи панҷ соли ахир миёни пешвоёни сиёсии Русия нигоҳҳои воқеъгароёна нисбати исломи пасошӯравӣ пайдо шуда истодаанд. «Онҳо (русҳо) аллакай худашон дарк карда истодаанд, ки аз ин қолибҳои кӯҳна мебояд даст кашид ва бо мусулмонони минтақаи мо муносибатҳои навро ҷорӣ намуд. Ин рӯҳия миёни пешвоёни Русия рӯз то рӯз возеҳтарсадо медиҳад», - афзуд М.Кабирӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста