Рӯзномаи «ИмрузNews» дар робита ба қарори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати даъвои Рустам Ҳукумов ба унвони шахсони мансабдори давлатӣ ва сохторҳои байнулмилалӣ як баёния интишор намуд.
Дар баёния зикр мегардад, ки ҳукми судя Шерзод Низомов дар бораи қонеъ сохтани аризаи даъвогии Ҳукумов ва аз ҷониби газета расман узр пурсидану ҷуброни 50 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ барои навиштаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ аст.
Баёнияи худро рӯзнома бо он асоснок мекунад, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад. Сардабири рӯзнома Назири Нусрат бар ин назар аст, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ худи судя якчанд дархости онҳоро, ки собитгари тибқи далелҳои муътамад навиштани мақола буданд, рад кардааст.
Дар баёния таъкид мегардад, ки баргузории ҷаласаҳо пушти дарҳои пӯшида, ба инобат нагирифтани дархостҳои сершумор ва худи ҳукми суд адолатнокии мурофиаи судӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.
Нусхаҳои баёнияи мазкур ба раиси Суди олии Тоҷикистон, вазири адлияи ҶТ, роҳбари намояндагии СММ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва АМВАОМТ, сафирони ИМА, Британияи Кабир, Эрон ва Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муқими кишвар фиристода шудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» изҳори нигаронӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста