Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи сафири навтаъйиншудаи Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон бо иқоматгоҳаш дар шаҳри Остона ҷаноби Мауро Рейнаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими расмии супоридани эътимодномаҳо вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Швейтсария барпо гардид.
Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, сипоси хешро оид ба дастгирии раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СУС баён кард.
Вазири корҳои хориҷӣ нақши фаъоли Швейтсарияро дар амалисозии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон зикр намуда, иқтидори бузурги рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногунро қайд намуд. Яке аз самти ҳамкориҳо Вазир тадқиқоти пиряхҳоро, ки дар Помир ҷойгиранд, номид. Ҳамкорӣ дар ин соҳа барои манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа хоҳад буд.
Дар навбати худ сафир Мауро Рейна Вазири корҳои хориҷиро доир ба сафари ҷории ҳайати иқтисодии Швейтсария ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 5-6 марти соли ҷорӣ барпо мегардад, маълумот дод.
Дар анҷоми сӯҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ мисли СММ ва САҲА, ва инчунин имкониятҳои минбаъдаи тавсеаи онҳоро муҳокима намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста