Ба эътиқоди вакили парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов, маъракаи интихоботи ба рӯзи 5-уми май таъиншудаи вакили МН МО ҶТ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ як навъ имтиҳонест барои сохторҳои давлатӣ ва аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ дар тирамоҳи соли равон.
«Аз рӯи натоиҷи интихобот дар Восеъ метавон пешакӣ ба хулосаҳое расид, ки оё ҳукуматдорон шаффофият ва ба таври демократӣ гузаштани интихоботи сарвари давлатро таъмин карда метавонанд ё на», - андеша меронад Шабдолов.
Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори шубҳа намуд, ки то ба қонунгузории интихобот ворид нашудани тағйирот, ки мувофиқи он намояндагони аҳзоби сиёсӣ бояд ба узви комиссияҳои минтақавӣ шудан ҳуқуқ пайдо кунанд, дар бораи шаффофияти интихобот сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
«Лекин як чиз мусаллам аст – маъракаи интихоботи вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ як маҳаке хоҳад буд барои интихоботи президентӣ дар кишвар», - мутмаин аст раиси ҲКТ.
Ба гуфтаи вай, Ҳизби коммунист ба маъракаи интихоботи мазкур номзади худро пешниҳод карданист ва изҳори боварӣ намуд, ки дар соли интихоботи президентӣ қариб тамоми аҳзоби сиёсӣ аз имкони қувваозмоӣ дар Восеъ истифода хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми феврал бо фармони сарвари давлат, намояндаи Ҳизби агарарии Тоҷикистон дар МН МО ҶТ Рустам Латифов раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин карда шуд ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифов баъди ин таъинот ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супурд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста