Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат валиаҳди Давлати Кувайт ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар кишвари худ рӯйоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард.
Ӯ инчунин изҳор доштааст, ки Кувайт ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон омода аст ва кушиш ба харҷ хоҳад дод, то дастуру супоришҳои сарони ду давлат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба татбиқ гарданд.
Зубайдулло Зубайдов ба Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки инкишофи муносибатҳо бо Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят муҳим ба шумор меравад.
Ҷонибҳо ҳангоми сӯҳбат инчунин роҷеъ ба нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 29 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули назар карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста