Чанде қабл миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, диққати хосса зоҳир гардида, президенти Туркманистон бо хушнудӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ ба кишвараш даъват кард.
Сарварони давлатҳо муътақид буданд, ки вохӯриҳои дар доираи ҷашн доиршаванда ва гуфтушунидҳо имкон медиҳанд, то роҳҳои ҳалли масоили зиёде барои манфиати мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дар маҷмуъ барои минтақа баррасӣ ва муайян шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста