Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер доир гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон Австрияро аз ҷумлаи шарикони муҳиму боэътимоди худ дониста, ҳавасманди рушди минбаъдаи ҳамёрии созанда бо он дар арсаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.
Ҳайнтс Фишер ҳавасмандии Австрияро ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид дошта, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шудани кишвари Тоҷикистонро «заминаи хуб барои тавсиаи робитаҳои судбахш» маъндод кард.
«Мавқеи ба ҳам наздик ё монанд оид ба мавзӯъҳои умдаи байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Австрия доранд, низ заминаи хуби сиёсӣ барои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар аст», - таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт ва сармоягузорӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайра самтҳои ояндадори муносиботи ду кишвар номида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста