Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер ва сипас музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ 3 санади нави ҳамкорӣ - Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Тоҷикистон ва Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи федеролии тиҷоратии Австрия ва Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Институти стандартизатсияиАвстрия ба имзо расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба рӯзи 7 июни соли 2011 дар шаҳри Вена зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия имзо шуда буд.
Пас аз маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни изҳороти матбуотии худ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер муносибатҳои Тоҷикистону Австрияро дорои дурнамои хуб номиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста