Санаи 15 марти соли равон бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар мамлакат» мизи мудаввар доир мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳизбӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ бо супориши муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров аз ҷониби Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи мудаввар роҳбарияти ҲХДТ, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар, коршиносону олимон аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои иқтисод ва боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бархе аз роҳбарони хоҷагиҳои боғу токпарварӣ ва дигар шахсони масъул ширкат хоҳанд варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста