Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази ҷамоати шаҳраки Восеъ Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсияи муштарак раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ва вакилони интихобшудаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ ҷамъ 120 нафар ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти кори Конференсия як масъала- пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ба ивази вакили хориҷшуда баррасӣ гардид. Бо таклифи вакилони Конференсияи муштарак номзадии Ибодулло Неъматов пешбарӣ гардид ва тариқи овоздиҳии пӯшида аз 120 нафар вакилони ширкат дошта 118 нафар аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, дар асоси карори Конференсияи муштарак Ибодулло Неъматов, ки айни ҳол дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ фаъолият дорад, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 аз ҲХДТ пешбарӣ карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста