Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров оид ба бедарак шудани раиси ташкилоти ҷамиятии ӯзбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов хабар дод.
Дар муроҷиати худ ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иснони ҶТ Зариф Ализода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов раиси ҲУСДТ изҳори итминон кардааст, ки бедарак шудани раиси ташкилоти ҷамъиятии ӯзбекони вилояти Хатлон ангезаи сиёсӣ дорад.
Дар изҳорот Р.Зойиров хабар медиҳад, ки С.Шамсиддинов ду рӯз пеш дар Қӯрғонтеппа субҳ ҳангоми машғул будан ба давидан боздошт шуда, имрӯз макони будубоши ӯ маълум нест, аммо раиси ҲУСДТ аз эҳтимол дур намедонад, ки С.Шамсиддинов барои ҳамкорӣ бо ӯ аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.
«Дарвоқеъ ҳам мо бо ӯ ҳамкорӣ доштем. Ҳамчун раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2012 ман ба конфронси ҷамоати ӯзбекон дар Қӯрғотеппа даъват шуда будам. Дар конфронси мазкур бо иштироки намояндаи ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи ҳамкории ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии вилоят бо консорсиум қарор қабул шуд. Пас аз ин тасмим гирифта шуд, ки бо назардошти ҳуқуқшинос будани С.Шамсиддинов, ӯ аз 1-уми марти соли 2013 намояндаи Консорсиуми ҳуқуқӣ дар Қӯрғонтеппа хоҳад шуд», - баён мегардад дар изҳороти Р.Зойиров.
Дар идома ӯ зикр мекунад, ки 12-уми январи соли 2013 С.Шамсиддинов дар Душанбе ҳамчунин дар кори мизи гирди Кумитаи эътилоф оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни интихоботи президент низ ширкат варзидааст.
Ба қавли Зойиров, зимни суҳбати телефонӣ бо С.Шамсиддинов рӯзи 15-уми март онҳо баъзе аз лаҳзаҳои кориро баррасӣ намуда, сипас Шамсиддинов изҳор кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро мавриди фишор қарор додаанд.
«С.Шамсиддинов узви ҲУСДТ набуда, муносибатҳои мо ҷанбаи ҳуқуқӣ доштанд, вале акнун ҷанбаи сиёсӣ касб карданд. Дар ин робита ман маҷбурам, ки натанҳо ҳамчун раиси Консорсиуми ҳуқуқӣ, балки ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ амал намуда, изҳор намоям, ки баъди аз ҷониби ташкилоти сабтиномнашудаи Ҳаракати миллӣ пешниҳод шудани Р.Зойиров ба ҳайси номзади ягона ба мансаби президенти ҷумҳурӣ, фишор болои С.Шамсиддинов пурзӯртар карда шуд», - менависад дар изҳорот Р.Зойиров.
Дар муроҷиат Р.Зойиров бо такя ба моддаи 5-и Конститутсияи ҶТ аз мансабдорони масъули давлатӣ дархост намудааст, ки ҷиҳати ошкор кардани макони будубоши С.Шамсиддинов ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳо чора андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста