Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони воломақоми ҳайатҳои кишварҳои Осиёро, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Эрлан Абдилдаев ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду нома аз президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев тақдим намуд. Тавре зикр гардид, бо ин номаҳо сарвари давлати Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даъват карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои қирғизи худро пазируфта, ҳавасмандии Тоҷикистонро «ба рушди муносиботи босуботи дарозмуддат бо Қирғизистон» таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки «густариши робитаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст».
Зикр гардид, ки барои дар сатҳи матлуб доир намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то замони ин сафар омодагии ҷиддӣ бояд дид.
Атрофи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 (кашидани хатти 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду давлат гуфтугӯи созанда сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушди минбаъдаи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста