Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони воломақоми ҳайатҳои кишварҳои Осиёро, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Минору Куичи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари рушдёфтаи ҷаҳон баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон «ҳавасмандии самимии Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкории дарозмуддати гуногунҷанба бо Ҷопон» таъкид дошт.
Аз дастгириҳои беғаразонаи Ҷопон аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо аз ҷониби Агентии Ҷопон доир ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, ки ҳамзамон ба рушди Афғонистон нигаронда шудаанд ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста