Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки пагоҳ дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, иштирок намекунад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои мазкур муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров намояндагӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи март вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ба Душанбе ташриф наоварда, дар ин чорабинӣ кишвари ҳамсояро сафири Ӯзбекистон дар ҶТ Шоқосим Шоисломов намояндагӣ карда буд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 10 лоиҳаи аснод оид ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуманитариву таъмини амният ва дигар самтҳо дар назар аст. Лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати байнулмилалӣ табодули афокр сурат гирифта, як қатор ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва қабули Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2013 баррасӣ мешаванд.
Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста