Айни замон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон зери изҳорот ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт имзо ҷамъоварӣ мекунанд.
Муаллифони изҳорот аз президенти мамлакат дархост мекунанд, ки ҳодисаҳои бедаракшавии кӯдакони ноболиғро таҳти назорат гирад, зеро ба андешаи онҳо, ин ҳодисаи бе ному нишон гум шудани кӯдакон дар Тоҷикистон ягона нест.
«Танҳо дар моҳи марти соли равон даҳҳо ба ин монанд ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда, дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода мешавад, ки нимаи дуюми моҳи март 10 адад чунин аризаи бедаракшавии кӯдакон аз падару модарон ворид шудааст, вале мутаассифона, аз натиҷаи ҷустуҷӯ ва тақдири минбаъдаи онҳо маълумоте вуҷуд надорад», - баён мегардад дар изҳорот.
Дар муроҷиатнома таъкид мешавад, ки ҳодисаи ахири бо хоҳарон Араловҳо рухдода ба хубӣ нишон дод, ки дар Тоҷикистон сафи одамони бетараф кам нест ва онҳо ихтиёрӣ ба ҳама гуна кӯмак омодаанд, вале ин таҷриба ҳамчунин возеҳ намуд, ки мақомот тарзҳои дақиқи ҳамкорӣ бо ин гуна гурӯҳи афродро надоранд ва алҳол бо онҳо ягон корҳои фаҳмондадиҳӣ нагузаронидаанд.
«Бешубҳа, аз кӯмаки афроди ихтиёрӣ мебояд истифода намуд, вале мақомот бояд ба он мусоидат кунад, ки амалҳои ихтиёриён бо онҳо мувофиқа шуда, ба ҷараёни тафтишот халал ворид насозанд ва ҳамчунин амнияти худи ихтиёриёнро низ таъмин созанд», - таъкид мегардад дар изҳорот.
Дар изҳорот аз президент дархост карда мешавад, ки таваҷҷуҳи мақомоти раҳбарии ВКД-ро ба таҳияву коркарди механизмҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди ихтиёрӣ дар мавриди ҷустуҷӯи кӯдакони бедаракшуда ҷалб созад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста