Дар Бунёди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе бахшида ба низоъи байни тоҷикон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта вохӯрии навбатӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ олимони маъруф, арбобони ҷамъиятӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ин дафъа раиси Шӯрои олии ҶТ дар давраи моҳҳои август-ноябри соли 1992, феълан сафир оид ба умури махсуси ВКХ ҶТ Акбаршо Искандаров дар бораи хотираҳояш тӯли ин солҳо ибрози андеша кард.
Ӯ зикр кард, ки то ҳанӯз аксаран бар ин назаранд, ки ҷанги бародаркушӣ дар Тоҷикистон маҳз ба туфайли беамалии ӯ сар задаст, вале «мо тамоми имконоти аз дастамон меомадаро истифода бурда, ғайр аз ин ба рух додани он рӯйдодҳо сабабҳои воқеиву субъективӣ низ боис шуда буданд».
Сатҳи пасти фарҳанги сиёсии мардум дар он замон, беамалӣ ва аз имконоти зарурӣ бархӯрдор набудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба гурӯҳҳои тақсим шудани онҳоро Искандаров аз ҷумлаи сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон унвон кард.
«Мо кӯшиши зиёд кардем, ки дивизияи 201-уми низомӣ ба тобеъияти Тоҷикистон гузарад ва ба мероси шӯравӣ ҳуқуқ доштани кишварро иброз кардем. Дар ин хусус гуфтушунидҳои зиёде анҷом дода шуда, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор намуд, ки онҳо намехоҳанд дивизияи 201-ум ба дасти исломгароён гузарад. Баҳс муддати тӯлонӣ идома ёфта, нахуст моро президенти Қирғизистон Аскар Акаев ва сипас президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастгирӣ намуданд ва гӯё ҳама розӣ шуданд, вале минбаъд дивизия ба тобеияти мо нагузашт», - иброз дошт вай.
Номбурда таъкид дошт, ки ҳамчунин аксари мардум имрӯз гумон доранд, ки даргириҳои мазкур ба хотири бунёди давлати исломӣ сурат гирифта бошанд, вале «ҷанг танҳо ба хотири соҳиб шудан ба курсиҳо буд ва ахиран мо ин курсиҳоро ба онҳо додем, то ки дар ниҳояти кор хотирҷамъ шаванд».
Ба гуфтаи Искандаров дар сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанде аз кишварҳо низ даст доштанд. «Ман шахсан шоҳиди он будам, ки аз дивизияи 201-ум ба эътирозгарони майдони «Озодӣ» як автомашина аслиҳа оварда шуд. Мо ин мошинро боздошта, ба мақомоти раҳбарии дивизия баргардонидем, вале баъдтар маълум шуд, ки пас аз се соат ин автомашина боз ба майдон оварда шудааст», - зикр кард номбурда.
Искандаров ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати на аз қаламрави шаҳри ӯзбекии Термез, балки тариқи қаламрави Тоҷикистон ворид шудани роҳбарияти нави дар иҷлосияи 16-уми шаҳри Хуҷанд интихобшуда, пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имконпазир буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста