Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки то замони бештар зирактар шудани тоҷикон, эҳтимоли рух додани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд хоҳад дошт.
«Ҷанги гузаштаи бародаркуширо ба мо аз хориҷи кишвар таҳмил доданд ва ба ин на демократҳову на исломгароён ва ё дигар нерӯҳои дохилӣ гунаҳкор нестанд», - иброз дошт Шабдолов зимни вохӯрии навбатӣ дар Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» бахшида ба низоъи тоҷикон дар солҳои 90-уми асри гузашта.
Шабдолов мутмаин аст, ки «то замони аз зудбоварии аз ҳад зиёд халос шудани тоҷикон, ба Тоҷикистон хатари сар задани ҷанги нав таҳдид хоҳад кард».
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон низ ба андешаи Шабдолов дар мавриди таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамфикрӣ изҳор намуда, зикр кард, ки айби тоҷикон танҳо дар он аст, ки он замон сатҳи худогоҳии донишҷӯён ва намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ аз ҳамтоёни кишварҳои ҳамҷавори худ хеле болотар буд.
Ба қавли вай, он замон сатҳи худогоҳии ҷавонони фаъол ва зиёиёни мо дар сатҳи кишварҳои назди Балтик қарор дошта, рӯзномаҳои «Растохез» ва «Адолат» дар яке аз шаҳрҳои ин минтақа – Вилнюс ба табъ мерасиданд, зеро дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин ҳафтаномаҳоро ба чоп намерасониданд ва қабулу дарки истиқлолият дар ин кишварҳо дар он сатҳ қарор надошт.
«Дар Осиёи Марказӣ мо он солҳо ҳамфикрон пайдо карда наметавонистем ва чун бародарбузургони мо ба соҳибистиқлолӣ майл доштани бародари хурдиро эҳсос карданд, тасмим гирифтанд, ки кӯдаки саркашро ҳанӯз дар гаҳворааш буғӣ хоҳанд кард ва ин ба онҳо муяссар шуда, гузашта аз ин, хеле оқилона анҷом пазируфт, яъне бо дастони худи кӯдак», - мутмаинона иброз дошт М.Кабирӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста