Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи «Тоҷикистони нав» иттилоъ дода шуда, дар ҷаласаи махсус Эъломия дар ин хусус қироат карда шуд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ташаббускорони таъсис додани ҳизб мебошанд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аслии таъсиси ҳизби нав даст ёфтан ба истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. «Зарурати таъсиси ҳизб дар он ифода меёбад, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикро як нобоварӣ ба оянда фаро гирифта, аксари қувваи корӣ ва нерӯи ақлонӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар ин шароит ҷомеа ба афкору паём ва ташаббусу амалҳои тоза ниёз дошта, ҳизби «Тоҷикистони нав» ифодакунандаи ин ормонҳост», - гуфта мешавад дар эъломия.
Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфта, тобистони соли гузашта Зайд Саидов ба ҳайси раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста