Дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.
Қувватов мегӯяд, мебояд ҳатман ҳолнома, фаъолият, эътиқод ва барномаи номзад мавриди омӯзиш қарор бигирад. «Ман бештар ба ҷавонони ҷадид эътимод дорам, вале афроде низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар ин бозии сиёсӣ бештар имтиёз ба даст оранд ва фоҷеаовар хоҳад буд, агар онҳо то интихоботи президентӣ бирасанд», - иброз доштааст ӯ.
Ба қавли Қувватов, ӯ иштибоҳоти мухолифин дар соли 1992-ро, ки ба оқибатҳои мудҳиш боис шуданд, ба инобат мегирифт. «Ман касонеро ҳурмат мекунам, ки ҳақиқатро мегӯянд ва устуворона аз ақидаи худ ҳимоят мекунанд, вале ба афроде, ки бо сарусадо пайдо шуда, худро таблиғ карланианд, эътимод надорам», - зикр кардааст Қувватов.
Ӯ бар ин назар аст, ки мардум набояд ба аз ҷониби ҳукумат пешбарӣ шудани шахси сохтаву таҳмилӣ ба сифати номзад роҳ бидиҳад ва ин шахсро дарҳол метавон мушаххас намуд, зеро 90% танҳо ба мадҳи ӯ хоҳанд пардохт.
Қувватов роҳандозии маърака барои таъмини шаффоф ва қонунӣ баргузор шудани интихоботи президентӣ ва пешниҳоди далелҳои навбатии айбдоркунандаи ҳокимияти кунуниро ваъда кардааст, вале ба ҷуз ваъда, алҳол дигар чизе нест.
Ёдрас мекунем, ки айни замон Қувватов дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Дубай (АМА) қарор дошта, масъалаи истирдоди минбаъдаи ӯ ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд.
Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста