Ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ба журналистон изҳор намуд, ки аллакай аз ҳамин сол Русия вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русияро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷоза хоҳад дод.
Бино ба маълумоти НТВ, дар ин маврид Д.Рогозин ба назорат дар равуои қатораҳо аз Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст.
Зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан ӯ бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.
Геннадий Онишенко аз вазъи хеле бади зиддисанитарии вагон-тарабхонаи қатора барошуфтааст, зеро ӯ дар паҳлӯи зарфҳо хобидани кормандони ҳайати қатораро мушоҳида кардааст.
«Тамоми зарфҳо бояд иваз шуда, умуман вагон бояд аз ҳайат гирифта шавад», - гуфтааст ӯ ба Рогозин. «Чӣ тавр метавон бидуни яхдон ба сафар баромада, ғизо тайёр кард?», - изҳори норозигӣ кардааст Онишенко. Ӯ хамчунин таваҷҷуҳи Рогозинро ба он равона кардааст, ки дар вагон-тарабхона барои кормандони ҳайати қатора ҷойҳои хуфту хоб омода шудаанд. «Ҳамааш фаҳмо», - гуфтааст дар посух Рогозин.
«Мардум ба кишвари мо тавассути қатораҳое меоянд, ки барои мусофиркашӣ пешбинӣ нашудааст», - иброз доштааст Рогозин ба рӯзноманигорон. Рогозин таъкид доштааст, ки «ин масъаларо ба гунае ҳал мебояд кард». «Мо шаҳри бедарвоза нестем», - зикр кардааст номбурда.
Ноиби нахуствазири Русия зарурати таҳкими назорати қатораҳои аз ин самт ба Русия воридмешударо таъкид намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста