Бино ба иттилои нмояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, 35 тоҷикистонӣ, ки миёни 140 нафар шаҳрвандони мусулмонтабор баъди адои намози ҷумъа дар Москва аз ҷониби мақомоти қудратии пойтахт боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буданд, баъди гузарондани тафтишот раҳо ёфтанд.
«Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи "Донская"-я шаҳри Москва дар асоси дархости Сафорат рӯйхати пурраи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ихтиёри мо гузошт ва таъйид намуд, ки то ҳоло нафаре аз онҳо ба ҳайси гумонбар дар аъзогии гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ айбдор нашудаанд. Ҳамаи онҳоро шуъбаи корҳои дохилии номбаршуда раҳо намуд», - иброз дошт ӯ..
Ба қавли намояндаи сафорат, аммо, бо он шаҳрвандоне, ки асноди буду бош ва қайди муваққатӣ дар ин кишвар надоштанд, Хадамоти муҳоҷирати Русия сарукор гирифта, интизор меравад, ки ин мақоми ҷониби Русия низ дар наздиктарин фурсат Сафоратро дар ҷараён хоҳад гузошт, ки оё миёни онҳо ҳастанд нафароне, ки қавоиди муҳоҷиратро вайрон намудаанд ва тақдири минбаъдаи эшон чӣ хоҳад буд.
«Мушоҳидаи шахсии банда ин аст, ки Русия солҳои ахир барои таъмини озодии дин, бахусус баҳри чомеаи мусулмонтабори кишвараш фазои мусоиди тоату ибодатро фаро овардааст. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои кишвар масҷидҳо бунёд гардиданд ва сафи намозгузоронро ҳазорҳо-ҳазор мардумони мусулмонтабор - муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ, ҷамоҳири Қафқоз ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба чанд маротиб боло бурданд. Аммо, солҳои ахир кишвар бо мушкилоти вобаста ба нафароне, ки ба гурӯҳҳои радикалӣ мепайванданд ва эҳтимолияти ба амалҳои эксремистӣ даст заданашон имкон дорад, мувоҷеҳ гардидааст», - зикр кард М.Эгамзод.
Номбурда аз ҳамватанон дар қаламрави Русия хоҳиш кардааст, ки «ҳушёрии хешро таҳким бахшанд ва кӯшиш кунанд, бахусус онҳое, ки ҳанӯз ҷавону наврасанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро кашида нашаванд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста