Чандест, ки сомонаи расмии ҲНИТ дар минтақаи домении TJ дастнорас аст. Корбарони Тоҷикистон сомонаро тавассути суроғаҳои дигар – www.nahzat.org , nahzat.net дарёфт карда метавонанд.
Бино ба итттилои ин торнамо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фарзия пеш меорад, ки сомонаи онҳо қабл аз баргузории таҷили 40 солагии таъсисёбии ҳизб ва ба хотири тариқи онлайн инъикос накардани ҷараёни ин маросим, баста шудааст. «Сарфи назар аз анҷоми тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ, сомона то ҳанӯз дастнорас аст», - зикр карданд дар ҲНИТ.
Ҳамчунин як манбаъ аз ҲНИТ зикр кард, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет бо кадом сабаб дастнорас будани торнамо дар қаламрави Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд.
«Мо дар хусуси дастнорас будани торнамо хабар доданӣ набудем, зеро www. nahzat.org ва nahzat.tj як суроғаи IP доранд, вале домени аввал дар Тоҷикистон боз шуда, дуюмаш дастнорас аст, ҳарчанд тавассути прокси-сервер ба он ворид шудани имкон дорад», - хабар дод манбаъ.
Дар Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон низ ин маълумотро на тасдиқу на рад карда метавонанд ва ҳамчунин як маълумоти мушаххасеро аз аъзои худ пешниҳод намекунанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан 11-уми март дар Рӯзи матбуоти тоҷик низ дар робита ба анҷоми муҳлати бақайдгирии домени www.nahzat.tj дастрасӣ ба ин торнамо қатъ гардида буд.
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар бахши алоқаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки мушкилоти торнамои ҳизбӣ ба шакли нодурусти пур кардани варақаи бақайдгирии ба GET.tj пешниҳодшуда марбут аст. «Масъулони сомона варақаи бақайдгириро нодуруст пур кардаанд ва низоми худкор онро қабул накард. Ин иштибоҳи сирф техникӣ мебошад», - зикр карда буд ӯ. Пас аз як рӯз ин мушкилот ҳал шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста