Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ баррасӣ шуда, хулоса шуд, ки ин вазъ «нисбатан ҳассос» мебошад.
Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид мегардад, ки кишвари мо тибқи Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ як кишвари демократии мабни бар гуногунандешии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин дорои низоми бисёрҳизбӣ эълон шудааст ва паёдоишу фаъолияти озодонаи ҳизбҳо нишонаҳои пойбандии мақомот ба ин аслҳо мебошад. «Тоҷикистон тайи солҳои гузашта, ба хусус пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ дар ин самт қадамҳои хубе бардошт ва худро кишвари нисбатан озоду демократӣ муаррифӣ кард», - баён мегардад дар изҳорот.
«Мутаассифона, солҳои охир раванди бозгашт аз ин масир ба чашм мехурад, ки нишонаҳои онро дар маҳдуд кардани фаъолияти ҳизбҳо ва эҷоди монеъа дар таҳкими гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ мебинем. Бо баҳонаҳои гуногун, аксаран сохтаву бофта, болои сиёсатмадорон, фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ташкилотҳои ғайридавлатӣ, инчунин расонаҳои хабарӣ фишорҳо бештар шуда истодаанд, ки боиси нигаронии амиқи ҷомеъа гаштааст», - зикр мегардад дар изҳорот.
Дар идома изҳор мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти роҳбари Гурӯҳи муассисони ҳизби «Тоҷикистон нав» ва вакили маҷлиси шаҳрӣ, Зайд Саидовро як амали сирф сиёсӣ ва ҳадафмандона, инчунин мухолиф ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги сиёсӣ медонад.
«Аз тарафи дигар, муттаҳам кардани ӯ ба «ҷиноятҳои содиркарда» дар замони фаъолияташ, ҳамчун узви Ҳукумати ҶТ, танҳо пас аз эълони Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, баёнгари ин аст, ки ҳатто қонуншиканӣ ҳам ба худиву бегона, тарафдор ва бетараф ҷудо карда шудааст. Чаро солҳои тулонӣ дар бораи қонуншикании ӯ аз забони мақомот ҳарфе садо намедод ва «камбудиҳо»-и ӯро ошкор накарданд?», - таъкид шудааст дар изҳорот.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста