Санаи 21-уми май се узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистон нав» - муовини аввали Шӯрои ҳамоҳангсоз Шавкат Бозоров, иқтисодчӣ Бахтиёр Баҳодуров ва узви Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон Сангинбой Сангинов эълом доштанд, ки сафҳои ҳизби ояндаро тарк карданианд.
Дар гурӯҳи ташаббускор дар ин робита изҳор намуданд, ки аз нияти шахсони зикршуда огаҳӣ надоранд ва пешниҳоди хориҷ шудани онҳо аз гурӯҳ аз ҷониби худи гурӯҳи ташаббускор сурат гирифтааст.
«Ин афрод дарҳол баъди боздошти пешвои мо ногаҳон «ғайрифаъол» шуданд ва мо пешниҳод кардем, ки гурӯҳро тарк намоянд. Аммо барои хориҷ шудани онҳо аз гурӯҳ аризаи онҳо зарур аст, вале то ҳанӯз аз онҳо чизе ба мо ворид нашудааст», - мегӯяд узви гурӯҳи ташаббускор, рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова.
Қаблан муовини раиси ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» Ҷамшед Ҳафизов ва раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорон Абдураҳим Алиев аз ҳайати гурӯҳ хориҷ шуданд.
Дарҳол пас аз боздошти Саидов коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, энергетик Ғуломиддин Сайфиддинов ва чанде пештар иқтисодчӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз дастгирии ташаббуси таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳорот доданд.
Айни замон дар сафи гурӯҳи ташаббускор худи Зайд Саидов, ҳуқуқшинос Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов ва рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова боқӣ монданд.
Санаи 20-уми май Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба адвокатҳои Зайд Саидов расман дар бораи боздошти ӯ хабар дод, ҳарчанд З.Саидов ба агентӣ ҳанӯз шаби 19-уми май, дарҳол пас аз бозгашт ба Душанбе аз хориҷи кишвар оварда шуда буд. Чанде қабл Саидов ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ гузаронида шуда, ҳамчунин санаи 20-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста