Дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд конфронси навбатии ҳисоботиву интихоботии шуъбаи шаҳрии ҲНИТ баргузор гардида, ҳайати нави раёсат интихоб шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар конфронс аз 40 нафар вакили даъватшуда 28 нафар иштирок доштанд.
«Пас аз шунидани ҳисоботи мақомоти раҳбарии бахши шаҳрии ҲНИТ ҳайати раёсати шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳайати 11 нафар интихоб шуд, ки 3 нафарашон занон мебошанд. Аъзои раёсат аз ду номзад ба раиси шуъба Нуъмонҷон Очиловро, ки то имрӯз сарпарастии шуъбаро баҷо меовард, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб карданд», - гуфта мешавад дар иттилои сомона.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд 1032 нафар наҳзатиён фаъолият доранд, ки аз онҳо 40 дарсадро бонувон ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар кори конфронс ҳайати ҲНИТ иборат аз Воҳидхони Қосиддин, раиси дастгоҳ, Саидиброҳими Муҳаммадназар ва Зурафо Раҳмонӣ мушовирони раиси ҲНИТ ва раиси бахши занони ҲНИТ Парвина Иброҳимзод иштирок доштанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста