Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Дӯстмуҳаммади Дӯст аз ташаббуси президент дар мавриди бозгашти шоири маъруф Бозор Собир ситоиш намуд.
«Устод дарвоқеъ ҳам шоири миллии Тоҷикистон буда, бояд дар ватани худ зиндагиву эҷод кунанд», - чунин мешуморад ӯ.
Сиёсатшинос муътақид аст, ки бо ин тарз дар пешорӯи интихобот ҳукуматдорон барои худ имтиёзи бештареро касб карданӣ нестанд. «Миёни доираҳои муайян устод Бозор Собир хеле писандида аст, аммо ман бар ин назарам, ки ин ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар таъсиргузор нест, то ки ҳукуматдорон ӯро барои пиёдасозии манфиатҳои сиёсии худ истифода кунанд», - иброз дошт Дӯстмуҳаммади Дӯст.
Дар ҳамин ҳол, шореҳи сиёсӣ Раҷаби Мирзо аз эҳтимол дур намедонад, ки бо ин иқдом ҳукуматдорон пеш аз интихобот ба ҷомеа таҳаммулпазир будан ба собиқ мухолифинро нишон доданианд, ки Бозор Собир низ ба сафи онҳо шомил аст.
«Агар дарвоқеъ ҳам чунин бошад, фикр мекунам, ки онҳо роҳи дурустро интихоб кардаанд. Гап сари он аст, ки дар саросари Тоҷикистон Бозор Собир бо тағйирпазирии худ маълум аст, зеро замоне яке аз роҳбарони Ҳизби демократ будаву коммунистонро мавриди интиқоди шадид қарор дода буд ва баъди ҳиҷрат ба Амрико баръакс мухолифи демократҳо шуд. Гузашта аз ин, мавқеъи зиддисломии шоир тайи солҳои ахир боиси он шуданд, ки ҷонибдорони ӯ дар кишвар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёбад», - мегӯяд номбурда.
Раҷаби Мирзо аз бозгашти шоир ба ватан истиқбол намуда изҳори умедворӣ кард, ки «шоири дӯстдоштаи мардум ҳамчун шахсият баргаштааст, яъне сарфи назар аз имтиёзоти ҳукумат, дар принсипҳои худ устувор боқӣ мемонад».
«Хоҳони онам, ки шоир сафи маддоҳони ҳукуматдоронро наафзуда, ба манфиати ҷомеа кору эҷод намояд. Хушомадгӯён дар ҳукумат хеле зиёданду дигар ба онҳо ниёзе нест ва хеле хуб мешуд, агар минбаъд Бозор Собир ба сиёсат ворид нагардида, танҳо ба эҷоди шеъру асарҳои адабӣ машғул шавад, ки дар ин касб беҳамто аст», - афзуд Р.Мирзо.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Кохи Миллат президенти Тоҷикистон Бозор Собирро ба ҳузур мепазирад, ки муддати 20 соли ахир дар ИМА зиндагӣ дошт.
Шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир рӯзи 27-уми май аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
амир31 май, 2013 18:18
мухтарам Р.Мирзо Шумо коратон набошад,ки бозор собир ба чй кор машгул мешавад,чунки шумо хукук надоред ягон касро манъ кунед ва басаст дасисабозй.....