Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоссааш ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.
«Мо бо президент суҳбати гуворову самимӣ ва дӯстона оростем. Ман аз ӯ миннатпазирам, ки маро дар Амрикои дур дарёфта, ба ватан даъват кард. Барои миннатпазир будани ман, ҳамин гуна таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби сарвари давлат кофист», - иброз дошт шоир имрӯз пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.
Бозор Собир зикр кард, ки тӯли солҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, он замон ҳеҷ касе ба сафари ӯ монеъа эҷод накарда буд.
Сафари индафъаинаро Бозор Собир ғайриоддӣ мешуморад, «зеро ба сифати муҳоҷири тоҷик бо даъвати расмии президенти кишвар омадааст».
Шоир ҳамчунин изҳор намуд, ки қаблан низ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои бозгашт даъват шудааст. «Ман аз ҷониби собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ба ватан даъват шуда, вале он замон барои бозгашти ман шароит он қадр созгор ва барвақт ҳам буд», - зикр кард ӯ.
Ба қавли шоир, он замон онҳо ҷиҳати фаро расидани шароити бештар мусоид ба мувофиқа расида, сипас дар суҳбатҳои телефонӣ низ ҳукуматдорон ӯро ба ватан даъват кардаанд. «Имрӯз он шароити созгор фаро расид ва ман бо хушнудӣ даъвати президентро пазируфтам», - афзуд Бозор Собир.
Шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир рӯзи 27-уми май аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста