Рӯзҳои 30-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сиани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин зери мавзӯи «Пешрафти инкишофи сабз, бунёди муштараки Осиёи зебо» конфронси байналмилалии аҳзоби сиёсии Осиё баргузор гардид, ки дар кори он бо даъвати Ҳизби коммунисти Чин муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Гулнора Худойбердиева ширкат варзиданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲХДТ, дар кор конфронс намояндагони 57 аҳзоби сиёсӣ аз 33 давлатҳои минтақаи Осиё, Африқо ва Амриоки Лотинӣ ширкат доштанд. Дар расми ифтитоҳии кори Конференсияи мазкур намояндагони воломақоми Чин, аз ҷумла аъзои Бюрои сиёсии КМ Ҳизби коммунисти Чин, муовини роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ли Юан Тсао, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи Марказӣ Ван Тся Жой иштирок ва суханронӣ намуданд.
Давоми ду рӯз дар бахшҳои алоҳида кори Конференсия идома ёфта, маърӯзаҳои ҷолиб аз ҷониби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шунида шуд. Чунончӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов дар мавзӯи «Иқтисодиёти сабз роҳ ба рушди устувор ва азбайнбарии камбизоатӣ дар Тоҷикистон» суханронӣ кард.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста