Тибқи қарори баимзорасидаи раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 4-уми июл дар Душанбе даъват мешавад.
Тавре аз палатаи болоии парлумон хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосия баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии ҶТ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ва ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва ғайра ворид шудаанд.
Қобили зикр аст, ки қонунҳои зикршударо соли равон палатаи поёнии парлумон қабул намуда, бояд аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ шаванд ва сипас барои имзо ба президент пешниҳод мешаванд.
«Ғайр аз ин, баррасии як қатор асноди ҳуқуқии марбут ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста