Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд. Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва кумаки моддӣ, аз ҷумла яктогӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддао аст, тақдим гардид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.
Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, даъват карда буд.
Сарвари давлат тайи рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд дар иҷрои ин даъват ташаббуси ибратбахш нишон дод. Дар натиҷа тайи ин рӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 878 нафар ятимони бе падару модар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии сарвари давлат дастрас гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста