Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба рӯҳияи созандаи созмон устуворона амал карда, дар татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар санадҳои муҳими қабулшуда, саҳми намоёни худро мегузорад».
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пурсамар хоҳад буд.
Интизор меравад, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай пас аз ҳамоиши Бишкек аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашта, ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Сипас сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Свен Алкалайро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об, ки моҳи августи соли равон таҳти васоёи СММ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ин конфронс ва чорабиниҳои зиёди дигари байналмилалию минтақавӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ эълон шудааст, баргузор мегарданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари ҳадафҳои Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ - СПЕКА сурат гирифт. «Мо ҷонибдори татбиқи минбаъдаи авлавиятҳои ин Барнома ҳастем, вале, мехоҳем, ки фаъолияти он бештар шаклҳои мушаххасро пайдо намуда, самараноктар бошад», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста