Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистону шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи бародаршаҳрии Душанбею Сямен баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз таассуроти накӯ ва натиҷаҳои боздиди худ аз ин шаҳр, ки моҳи июни соли 2012 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои ду ҷониб судбахш хоҳанд буд. Таъкид гардид, ки муносиботи ба сатҳи стратегӣ расидаи Тоҷикистону Чин барои густариши ҳамкории гуногунҷанба заминаи мусоид эҷод намудааст.
Лю Кэтсин иттилоъ дод, ки барои барпо намудани робитаҳои мустақими созанда ӯро дар ин сафар, ҳамчунин як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи шаҳри Сямен ҳамроҳӣ мекунанд.
Зимни суҳбати самимӣ доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста