Дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамиш Куперро қабул намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба вазъият дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд. Кӯшиши тарафайн ҷиҳати ташкили мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ иброз карда шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавҷудияти имконоти васеъро барои ҳамкориҳои дуҷониба махсус қайд сохт. Ҳамчунин ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо Зеландияи Нав таъкид гардид. Дар ин бора торнамои расмии ВКХ ҶТ хабар медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста