Имом-хатибони кишвар ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гирифта шавад.
Дар вохӯрии раисҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар, ки имрӯз 4-уми июн баргузор гашт, пешвоёни динии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки калимаи «ислом» аз номи ҲНИТ гирифта шавад, чун ба андешаи онҳо, дин ниёз ба ҳизб надорад.
Аз 15 тан имом-хатибони баромадкарда панҷ нафар масъалаи мазкурро дар рафти суханронии худ матраҳ карданд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҷамъомадагон бо кафкӯбиҳо истиқбол гардид.
«Фаъолони ҲНИТ мегӯянд, ки агар ба ҳизби мазкур аъзо нагардӣ, пас ту мусалмон нестӣ. Магар варақаи ҳизбӣ танҳо метавонад аз мусалмонӣ далолат диҳад? Ба ҷуз ин, ҳизби сиёсӣ бояд бо масоили сиёсӣ сарукор бигирад ва аз номи Ислом баромад накунад», - мегуфтанд имом-хатибон.
Танҳо пас аз суханронии имом-хатиби сеюм дар робита ба тағйири номи ҲНИТ раисҷумҳур гуфт, ки «коршиносон масъалаи мазкурро таҳлил хоҳанд кард».
Ба вохӯрии мазкур имрӯз фаъолони шаҳру навоҳии кишвар, имом-хатибон, донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикитон, аъзои Шӯрои уламо, намояндагони Кумитаи дин ва дигарон даъват гардида буданд.
ҲНИТ – ягона ҳизби исломиест, ки дар ҳудуди ОМ фаъолият мекунад. Созмондиҳандаи ва роҳбари он дар солҳои 1993-2006 Саид Абдуллоҳи Нур ӣ буд. Пас аз вафоти ӯ дар соли 2006 роҳбарии ҳизбро Муҳиддин Кабирӣ ба ӯҳда гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста